ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, раисҷумҳури Туркманистон, инчунин писараш "Сардор Бердимуҳаммадов"-ро ба унвони нозир бар ҳавзаи диҷитолсозӣ ва навоварӣ дар мудирияти давлатӣ, дороӣ, омӯзиш ва пизишкӣ мансуб кард.
Сардор Бердимуҳаммадов аз ин пас ба унвони узве аз Шӯрои амнияти миллии Туркманистон низ анҷоми вазифа хоҳад кард.
Пеш аз ин аз 7 феврали соли 2020 Сардор Бердимуҳаммадов ба унвони вазири саноат ва тавлид ва умрон дар туркманистон мансуб шуда буд ва унвон устондории устони "Охол" ба марказияти Ашқобод, пойтахтро низ ба ӯҳда дошт.
342/